МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
QR kod:
Методикаи таълими забони тоҷикӣ тарз ва усулҳои таълими забонро дар макотиби миёна омӯхта, мисли илмҳои методӣ ба гурӯҳи илмҳои педагогӣ дохил мешавад. Он соҳиби предмети омӯзишӣ мебошад. Мазмуну мундариҷа ва роҳу равиши тадқиқотии худро дорад.
Китоби дарсии мазкур доир ба тарз ва усули мукаммал ва сифатнок омӯзондани мазмун ва мундариҷаи дарсҳои забон дар мактабҳои миёна ва муассисоти олӣ таҳия гардонда шудааст. Дар он методи анъанавии дарсгузарӣ бо усулҳои ноанъанавии он дар омехтагӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Инчунин, ба хусусияти афзалиятнокӣ ва нуқсонҳои онҳо эътибор дода шудааст.
Китоби дарсӣ ба оммаи васеи китобхонон, дӯстдорони каломи бадеъ, омӯзгорон ва муҳаққиқони соҳаи таълим, инчунин ба донишҷӯёни факултаҳои филологияи тоҷики муассисоти олӣ пешбинӣ шудааст.